КИШОВАРЗӢ
ISM Consulting дар дастгирии навсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва инфрасохтори деҳот, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Мо равишҳоеро истифода мебарем, ки иштироки фаъоли ҷомеаҳои деҳотро дар банақшагирӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва қабули қарорҳо таъмин менамоянд.
Мутахассисони мо дар соҳаҳои зироаткорӣ, чорводорӣ, агробизнес, маркетинг ва маблағгузории кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, идоракунии муҳити зист ва таҳияи сиёсат донишу таҷрибаи амиқ доранд. Мо лоиҳаҳо ва барномаҳои сатҳи ҷомеаҳои маҳаллиро дастгирӣ менамоем, ки ба таҳкими иқтидори маҳаллӣ, баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани камбизоатӣ дар деҳот ва ҳифзи захираҳои табиӣ равона шудаанд.
no_related_projects