Лоиҳаи «Хуҷанд III»: Консепсияи ҳамгирошудаи ҳаракати шаҳрӣ
Нақлиёт

Лоиҳаи «Хуҷанд III»: Консепсияи ҳамгирошудаи ҳаракати шаҳрӣ

01.05.2023 — 01.12.2025

Маблағгузорӣ: БАТР

Мизоҷ: БАТР ва МИҲДи шаҳри Хуҷанд

ISM Consulting ҳамчун зерпудратчии машваратии Atkins UK дар таҳияи Консепсияи ҳамгирошудаи ҳаракати шаҳрӣ барои агломератсияи Хуҷанд мусоидат намуд.

Лоиҳа ба ташаккули муҳити аз ҷиҳати экологӣ устувор, ҳамгиро ва фарогири шаҳрӣ тавассути истифодаи самараноки инфрасохтори мавҷуда ва банақшагирии ҳамоҳангшудаи сармоягузориҳои оянда равона гардида буд. Дар доираи лоиҳа дурнамои стратегии рушди дарозмуддати агломератсияи Хуҷанд таҳия ва тадбирҳои афзалиятнок барои татбиқ дар муҳлати кӯтоҳ муайян карда шуданд.

Корҳо арзёбии имкониятҳои истифодаи самараноки ҳудуди шаҳр ва рушди низоми нақлиёт, таҳлили инфрасохтори мавҷуда, инчунин таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ва камхарҷро дар самти ҳаракати шаҳрӣ ва идоракунии нақлиёт дар бар гирифтанд. Таҳқиқоти ҳаракати шаҳрӣ гузаронида шуда, низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти нақлиётӣ таҳия гардид. Ҳамчунин, оид ба таҷҳизот ва нармафзори зарурӣ тавсияҳо омода гардида, барои мутахассисони маҳаллӣ омӯзиш дар самти идоракунии маълумот ва омор гузаронида шуд.

Барои беҳтар намудани дастрасӣ, фаъолияти низоми нақлиёт ва муҳити шаҳрӣ тадбирҳои озмоишӣ пешниҳод гардиданд, ки таъсири мусбати худро ба вазъи ҳаракат дар роҳ нишон медиҳанд.

Маълумот дар бораи лоиҳа