Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқшавӣ
Идоракунии давлатӣ ва рушди институтсионалӣ

Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқшавӣ

01.12.2023 — 01.11.2024

Маблағгузорӣ: Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ)

Мизоҷ: Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ)

ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми CIVITTA дар арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятноки Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим ва таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқшавӣ мусоидат намуд.

Лоиҳа ба таҳкими механизмҳои идоракунии давлатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории институтсионалӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқшавӣ ва рушди иқтидори мақомоти дахлдори давлатӣ равона гардида буд.

Дар доираи арзёбӣ шаш бахши афзалиятнок — энергетика, захираҳои об, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва сохтмону саноат — мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Маълумоти иқлимӣ, соҳавӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил гардида, норасоии маълумоти зарурӣ муайян карда шуд. Ҳамчунин, бо назардошти пешгӯиҳои иқлимӣ сенарияҳои рушди ояндаи ҳар як бахш таҳия гардиданд.

Ҳангоми арзёбии осебпазирӣ ҷанбаҳои гендерӣ, ниёзҳои шахсони дорои маъюбият ва гурӯҳҳои дигари афзалиятнок ба назар гирифта шуданд. Дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ роҳҳои мутобиқшавӣ ва шаш нақшаи соҳавӣ таҳия гардиданд. Лоиҳа инчунин омода намудани барномаи омӯзишӣ ва гузаронидани семинарҳоро барои мақомоти дахлдори давлатӣ дар бар гирифт.

Маълумот дар бораи лоиҳа