ҶДММ «ИСМ Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Коммуникатсияи стратегӣ» ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии ҳавасмандро барои пешниҳоди тиҷоратӣ оид ба истеҳсоли видеоролик дар формати Reels бо иштироки Мавзуна Чориева даъват менамояд.


Иҷрокунанда бояд:

  • наворбардориро тибқи сенарияи пешниҳоднамудаи Фармоишгар ташкил ва анҷом диҳад;
  • иштироки Мавзуна Чориеваро таъмин намояд;
  • таҳрир ва коркарди ниҳоии видеороликро анҷом диҳад;
  • тағйиру ислоҳоти мувофиқашударо ворид намояд;
  • нашри видеоролики тасдиқшударо дар саҳифаи Мавзуна Чориева дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намояд;
  • шакли ниҳоӣ ва файлҳои аслии видеороликро ба Фармоишгар пешниҳод кунад.


Шакли пешакии видеоролик бояд дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи имзои шартнома ба Фармоишгар пешниҳод карда шавад.

Дар пешниҳоди тиҷоратӣ арзиши умумии хизматрасонӣ, муҳлати иҷро ва маълумоти тамосии Иҷрокунанда нишон дода шавад.

Пешниҳодҳо то 28 август соли 2026 тавассути почтаи электронии info@ism-ig.org қабул карда мешаванд.

Мавзуи мактуб: «Пешниҳоди тиҷоратӣ — истеҳсоли Reels бо иштироки Мавзуна Чориева».